Кирстен Нилсен истеъфо дод

Вазири амнияти дохилии ИМА Кирстен Нилсен истеъфо дод.

Дар пасманзари густариши ташаннуҷ дар марзҳои ҷанубии ИМА, ки нигаронии Кохи сафедро ба бор оварда ва боиси сар задани баҳсҳо миёни ҳукумати Доналд Трамп ва Конгресс шудааст, вазири амнияти дохилии ИМА Кирстен Нилсен истеъфо дод.

«Сарфи назар аз пешрафти ҳосилшуда дар ислоҳи низоми амнияти миллӣ бо назардошти шароити нав, ман тасмим гирифтам, ки замони канорагириам фаро расид», — навишт Нилсен дар дархости истеъфояш, ки ба Трамп фиристодааст. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки вазири нав мақбули Конгрессу додгоҳҳо хоҳад шуд.

Расонаҳои Амрико менависанд, Нилсен аз ҳамкории номуассири Конгресс ва додгоҳҳо дар амри мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ норозӣ шуд. Нилсен ҳамчунин аз сӯи Кохи сафед ва шахсан президент фишор эҳсос мекард. Президент ва Кохи сафед мехоҳанд, мавҷи муҳоҷирон аз кишварҳои Амрикои Марказӣ ба ИМА кам карда шавад.

Нилсен ҳамзамон барои сиёсати ҷудо кардани фарзандони муҳоҷирон аз волидон аз сӯи ҷомеа танқиди зиёд шунид.

Трамп дар саҳифаи Твиттер аз Кирстен Нилсен барои хидматҳояш арзи сипос кард ва навишт, ки сардори Хадамоти гумрук ва сарҳади ИМА Кевин Макалинан иҷрокунандаи вазири амнияти дохилӣ таъйин мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *