Мақоми нави Ашраф Гулов

Бо фармони Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  5-уми июл  Ашраф Гулов сафири Тоҷикистон дар Туркия таъйин гардид.  

Ӯ дар ин мақом Маҳмадалӣ Раҷабиёнро иваз кард. Маҳмадалӣ Раҷабиён бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркия барканор шудааст.

Ашраф Гулов писари собиқ вазири энергетика  Гул Шералӣ ва яке аз домодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Номбурда қаблан дар ниҳодҳои калидӣ, аз ҷумла Бонки миллӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Белгия, Кумитаи андоз ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2014 дар мақоми консули генералии Тоҷикистон дар Русия кор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *