Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мавсума Муинӣ — аз Хуҷанд то Душанбе

Мавсума Муиниро  бонуи хушодобу соҳибмаърифат ном мебаранд ва дар муддати кӯтоҳ ба мақомҳои калидии давлатӣ расид.  Аслан, карераи ӯ баъди  омадан аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе оғоз ёфт.

Мегӯянд, ки зимни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд ӯ  зери таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сипас, муовини раиси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, он ба замони  фаъолияти Маликшо Неъматов рост омад. Соҳибназарон ба ин назаранд, ки  Мавсума Муинӣ бештар баъд аз гирифтани  курсии  муовини раиси шаҳри Душанбе ва ворид шудан ба командаи Рустами Эмомалӣ нуфузу эътибор пайдо кард. Ҳоло ӯ бахши идеологии пойтахтро бар зимма дорад ва дар тамоми чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ мекунад.

“Нутқи ӯро ҳангоми як ҳамоиш дар яке аз муассисаҳои олии кишвар шунидам. Дар он ҷо вазирон, муовинон ва роҳбарони макотиби олӣ, хатто меҳмонони хориҷӣ иштирок доштанд. Хулоса, толор пур буд. Шоҳид будам, ки чандин нафар аз рӯи коғаз баромад карданд. Навбат ба Мавсума Муинӣ расид. Ӯ ором, ботамкин, бидуни коғаз озод ва бо забони форами тоҷикӣ баромад кард. Суханрониаш кутоҳ ва пурмуҳтаво буд.  Аҳли толор ба унвонаш каф кӯфтанд. Аз ҳамон рӯз нисбат ба ин бонуи тоҷики оқил эҳтиромам зиёд гашт. Ӯ намунаи барҷастаи пайравӣ ба дигар занони тоҷик мебошад”,- иброз дошт як мақомдор дар суҳбат бо Pressa.tj.

Мегӯянд, ки ҳоло дар долонҳои Ҳукумат атрофи номи Мавсума Муинӣ гуфтугузор бештар аст. Яке бар ин назар аст, ки ӯ оянда ба курсии муовини Сарвазири Тоҷикистон такя хоҳад зад. Аммо бархеи дигар ба ин боваранд, ки ба ҷойи Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ таъин хоҳад шуд.

Имрӯз, 8 октябр Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе  мавлуд дорад ва ба синни 40 қадам гузошт.

Мавсума Муинӣ соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.

Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.

Солҳои 2009-2014 муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Аз 12 январи соли 2017 то ҳол муовини Раиси шаҳри Душанбе мебошад.  Ӯ Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод низ хатм кардааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.