Мирзиёев ба Маскав рафт

Кремлин гуфт, ки президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 4 ва 5 апрел аз Маскав боздид мекунад. Дар ҷараёни ин сафар рӯзи 5 апрел музокироти ӯ бо президент Владимир Путин дар назар аст. Ин нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Русия баъди интихоб шуданаш ба мақоми президенти Узбакистон хоҳад буд.

Путину Мирзиёев моҳи сентябр дар рӯзҳои мотами Узбакистон дар робита бо даргузашти президенти собиқи ин кишвар Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд, дар макони дафни ӯ дидору гуфтугӯ карда буданд. Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки рӯзи 3 апрел Мирзиёев дар Тошканд созиши ҳамкориҳои низомию фаннии Узбакистону Русияро имзо кард, ки хариду фурӯши силоҳ ва дигар ҳамкориҳои ҳарбиро дар назар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *