Моҷарои Кирсан Илюмжинов ва Амрико

Президенти Федератсияи бавйналмилалии шоҳмот (FIDE) ва президенти собиқи Қалмиқистон Кирсан Илюмжинов 11 сентябри соли равон дар ҳузури аъзои FIDE дар шаҳри Боку иброз намуд, ки ба номи президенти амрикоӣ Барак Обама мактуб навишта, хоҳиш кардааст, ки ӯро ба шаҳрвандии ИМА қабул намоянд.
— Ман аз президент Барак Обама хоҳиш кардам, ки ба ман шаҳрвандии ИМА-ро раво бубинад, — гуфтааст Кирсан Николаевич ба ТАСС. — Банда мақсад дорам парвандаи маро ба рӯйхати санксионии Вазорати молияи ИМА дохил намуда, дар суди маҳаллӣ дида бароянд.
Ёдрас мешавем, ки охири соли сипаришуда Вазорати молияи ИМА номгӯйи санксияҳоро бар зидди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки назар ба ақидаи Вашингтон гӯё бо ҳукумату институтҳои давлатии Сурия робита доранд, васеъ кард. Ба ин «рӯйхати сиёҳ» инчунин Илюмжинов барои робитааш бо Бонки марказии Ҷумҳурии Сурияи Араб ворид карда шуда буд. Аммо президенти FIDE ҳамаи айбҳои ба сараш боркардаи вазорати молияи ИМА-ро рад карда, аз вазорати мазкур ба андозаи 50 млрд доллар маблағи зарар талаб дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *