Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат!- даъвати Аҳмад Масъуд мардумро ба қиёми умумӣ

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер Аҳмад Масъуд бо нашри як паёми савтӣ суқути пурраи Панҷшерро ба дасти “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) рад кард ва гуфт, ки ҳанӯз муқовимат давом дорад.

Дар ин навори савтӣ, ки баъди хабарҳои зиддe нақиз дар мавриди суқут кардани Панҷшер ба дасти “Толибон” нашр мешавад, Аҳмад Масъуд аз ҳамватанони худ даъват ба амал овардааст, ки ба хотири иззат, озодӣ ва сарбаландии ватанашон қиёми умумиро оғоз кунанд.

Ҳар касе ба ҳар шакле, ки метавонад, истод шавад ва фарёди ҳайҳотро баланд кунад. Мо то имрӯз дар дарра – дарра ҷуғрофиёи Ҳиндукуш, Панҷшеру Андароб ҳанӯз ҳузур дорем ва ҳанӯз муқовимат дорем. Хоҳиши мо ин аст, ки ҳар бародар ва хоҳари мо дар ҳар гӯшаи ин ватан, ки ҳаст ба ҳар шакле, ки метавонад, ба хотири наҷоти ватан аз он тасвире ки пештар гуфта шуд ба по хезаду истод шавад, қиём кунад ва муқовимат кунад,- мегӯяд Аҳмад Масъуд.

Ӯ таъкид намуд, ки баъди он ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эъломияи уламои сартосари кишварро лаббайк гуфт, “Толибон” ҳамалоти густурдаи худро болои миллату мардум машрут карданд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёде аз ҳамватанон, аз ҷумла бахше аз хонаводаи ӯ шудааст.

Ӯ гуфт, ҳамалоти ҳавоии шаби гузашта боло Панҷшер бо мудохилаи бегонагон сурат гирифт.

Аҳмад Масъуд дар идома аз амалкарди ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки эҷоди фурсати ғалат ва додани фурсати сиёсӣ боис шуд, ки “Толибон” ҳам ҷуръати сиёсӣ пайдо кунанд ва ҳам ба дунё нишон диҳанд, ки тағйир карданд.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, “толиб ба ҳеҷ унвон тағйир накарда, балки золимтар, ифротитар ва мутаассибтар аз дирӯз, имрӯз қадам гузошта истодааст, ки шоҳиди он ҳастем”.

Номбурда аз ҳаводорон ва бархе размандагони “Толибон” муроҷаит намуда, гуфт, ки ҷиноятҳои толиб комилан мухолифи шариати ислом, файсалаи уламо ва мухолифи руҳияи миллӣ ва исломӣ аст ва аз онҳо даъват кард, ки “аз хоби ғафлат бедор шуда, бифаҳманд, ки худро ва хонаводаи худро ва ояндаву охирати худро ба табоҳӣ мекашанд”.

– Онҳое, ки шояд ба нияти хайр хеста будед, имрӯз вақти ҷуброни иштибоҳоти шумо расидааст. Дар канори мардуму миллататон қарор бигиред аз Худованд авф талабед, ки даст ба хуни бегуноҳ дароз кардед. Ва ҳанӯз Худованд ба шумо фурсати инро дода, то иштибоҳотонро ҷуброн намуда, дунёву охираратонро обод бисозед, – гуфтааст роҳбари Ҷабҳаи муқовимат.

Аҳмад Масъуд гуфт, ки ба зуди сухангӯи ҷадиди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон карда мешавад.

Ӯ дар охир бори дигар таъкид кард, ки “шаҳодат ифтихори мост ба ҳеҷ унвон шаҳид додан ва ҳамучунин, фишорҳои болои ҷуғрофиё овардан аз рӯҳияи мо намекоҳад, балки дар канори миллату мардуми худ то охирин нуқта ва охирин лаҳза идома хоҳад дод ва мо боварманд ҳастем, ки пирӯзӣ ҳатмист ва дар муқобили иродаи як миллат ҳеҷ қудрат ва нерӯ истод шуда наметавонад”.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир Панҷшер ягона вилоят ва минтақае дар Афғонистон аст, ки таҳти контроли Толибон (ҳаракати фаъолияташ джар Тоҷикистон мамнӯъ) нест.

Ҷабҳаи муқовиматро дар Панҷшер Аҳмад Масъуд раҳбарӣ мекунад, рӯзи 22 август ӯ эълом дошт, ки вилоятро ба дасти Толибон намесупорад.

Рӯзи якшанбе ва шаби душанбе дар Панҷшер ҷангҳои шадиде давом карданд, ки гуфта мешавад паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и артиши Покистон қароргоҳҳои неруҳои муқовиматро бомбарон кардаанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз, 6 сентябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳаракати “Толибон” бо нашри як хабарномаи расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки ин гурӯҳ Панҷшерро комилан ғасӣ кард ва фармондеҳони Ҷабҳаи Панҷшер фирор кардаанд.

Аммо Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон дар Панҷшер дар як паёми дар саҳфааш дар фейсбук, эълони “Толибон” дар мавриди ғасби Панҷшерро рад кард.

“Неруҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳое, ки аз пеш эҷод шуда буд ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то акнун ҷанг дар нуқоти мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошед, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад”, – итминон додааст Назарӣ.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/world/20210906/amad-masud-mardumro-ba-iyomi-umum-davat-kard-muovimat-anz-davom-dorad

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.