Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мулоқоти Аҳмадзода бо Алимбоев дар марз

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев дар чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара субҳи 16 уми июн сари чанд масъала гуфтугӯ кардаанд. Хабаргузории “Азия плюс” хабар медиҳад, ки тибқи  маълумоти пешакӣ дар мулоқот баъзе тавофуқҳо ҳосил шудааст.

Гуфтушуниди ҷонибҳо дар пайи ҳаводиси ҳафтаҳои ахир дар мавриди таъмини зиндагии осоиштаи сокинони минтақаҳои марзӣ, ҳалли масъалаҳои тақсими оби полезӣ дар Маркази тақсими оби “Головной” ва “Хоҷабақирғон”, сохтмони иншоот дар минтақаҳои баҳсии марзӣ, боздошти сокинону ҷорвои онҳо сурат гирифтааст.

Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд гуфтааст, дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев инчунин роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои об ҳузур доштанд ба сари чанд масъалаи баҳсӣ дар марз ба тавофуқ расиданд.

“Фароҳам овардани шароити осоиштаи сокинонии марзии ду кишвар аз масъалаҳои асосӣ буд. Дар ҳалли мушкилоти оби полезӣ дар “Головной” ва “Хоҷабақирғон” мувофиқа ҳосил шуд, ки об аз руйи низоми мувофиқа шуда аз ҷониби Қирғизистон риоя ва ҷорӣ мешавад. Мувофиқа ҳосил шуд, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Муаммоҳои боздошту нигоҳдоштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки давоми ду ҳафта ба миён омад аз ин баъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, саривақт дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ шуда ҳаллу фасл шавад.”     

Дар мулоқот ҷонибҳо сохтмони девор аз ҷониби як сокини маҳалаи “Учтеппа”-и деҳаи Оқсойи Қирғизистон дар минтақаи баҳси марзиро баррасӣ кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.