Мулоқоти Трамп ва Ун дар минтақаи марзӣ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Корея дидору гуфтӯгу кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Корея дидору гуфтӯгу кард.

Доналд Трамп баъди даст додан ба Ким Ҷонг Ун ба хоки Кореяи Шимолӣ қадам гузошт ва нахустин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шуд, ки ин корро мекунад. Баъди як даст додани дигар Трамп ва Ким ба қаламрави Кореяи Ҷанубӣ баргаштанд ва ба онҳо раиси ҷумҳури ин кишвар Мун Ҷае-ин ҳамроҳ шуд.

Доналд Трамп гуфт: “Ин як рӯзи бузург барои ҷаҳон аст ва ман аз будан дар инҷо ифтихор мекунам.” Ӯ афзуд: “Дар инҷо чизҳои бузурге иттифоқ меафтад.” Ким Ҷонг Ун гуфт, қадам ниҳодани Трамп ба хоки Кореяи Шимолӣ, “амали далерона ва собитқадамона” аст, ки нишон медиҳад, “мо мехоҳем, гузаштаи нороҳаткунандаро хотима диҳем”.

Баъди 50 дақиқаи гуфтӯгу паси дарҳои баста бо Ким, Доналд Трамп гуфт, ки ду тараф дастур додаанд, ки ҳайатҳои Амрикову Кореяи Шимолӣ музокироти шахшудаи атомиро аз сар бигиранд. Ӯ афзуд, ки ба Ким Ҷонг Ун пешниҳод кардааст, ки ба Амрико сафар анҷом диҳад.

Пеш аз парвозаш ба инҷо дар чархбол аз шаҳри Сеул пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки мунтазири дидор бо Ким Ҷонг Ун аст, «то ба ӯ даст дода, салом гӯяд».  Мулоқот рӯзи 30  июн сурат гирифт. Мун Ҷае-ин раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Трамп ва Ким ба ҳам «дасти сулҳ медиҳанд».

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Корея аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

Доналд Трамп баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳо Гурӯҳи 20 дар шаҳри Осака дар Ҷопон рӯзи 29 июн ба Сеул омад ва баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки мехоҳад, бо Ким Ҷонг Ун дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ гуфтӯгу кунад. Пхенян гуфт, ин як пешниҳоди «аҷиб» аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *