Музокироти Душанбею Маскав, “ғайриқонуниҳо” қонунӣ мешаванд?

Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд.

Дар Душанбе музокироти Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили муҳоҷират баргузор шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин музокирот, масъалаҳое, ки «ҳалли фавриро тақозо мекунанд», баррасӣ шудааст. Дар ин бора шарҳи бештар ироа нашудааст. Аммо чанд рӯз пеш муовини вазири корҳои дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла аз Тоҷикистон хоста буд, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар «ҳал кунанд».
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар музокироти рӯзи 19-уми апрел ҳайати Тоҷикистонро Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҷониби Русияро Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар, раҳбарӣ карданд. Дар музокирот намояндагони вазорату идораҳои ду кишвар ҳузур доштаанд.
«Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт»,-омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ин музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд. Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар «ҳал кунанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *