Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нафақаро давлате, пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он кор кардааст

Михаил Мишустин Сарвазири Русия ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки созишномаи ҳамкорӣ дар бораи нафақа бо Тоҷикистонро ба имзо расонанд
Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа гуфтушунид кунанд ва созишномаи дахлдорро ба имзо расонад. Сарвазири Русия супориши дахлдорро дар ин бора ба имзо расонидааст.

Дар ин бора дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ санади дахлдор нашр шудааст.
Сарвазири Русия инчунин супориш дод, ки пас аз ба мувофиқа расидан созишномаи гуфташударо аз номи Федератсияи Русия имзо кунад.
Қайд карда мешавад, ки тибқи созишнома, ҳар тараф пардохти нафақаро бар асоси таҷрибаи суғуртавӣ, ки ҳангоми кор дар қаламрави кишвар сурат гирифтааст, таъин мекунад.

Қаблан Думаи давлатии Федератсияи Русия шарҳ буд, ки нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ гуна ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тавр, муҳоҷирон, ба ватани худ баргашта, нафақа мегиранд. Нафақаро давлате, пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он кор кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.