Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Намояндаи 16 корпусҳои дипломатӣ дар ДМТ

Як гурӯҳ аз намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистгон аз биноҳои таърихии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан кардаанд.

Ин боздидро раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикдипсервис» ташкил кардаанд. Тибқи иттилои Талабшоҳ Иҳромов, сухангӯи ректори ДМТ, дар чорабинӣ намояндагони 16 сафорати давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафорати ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Фаронса, Ҳиндустон, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Украина, Ўзбекистон, Эрон, ки аз ин 11 сафир бо ҳамсарашон, инчунин, консулҳо, кордори сафорат ва намояндагони ВКХ ҶТ иштирок доштанд.

“Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода меҳмонони олиқадрро самимона истиқбол намуданд.  Меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва байналмилалии донишгоҳ, аз ҷумла аз биноҳои навсохти факултетҳои иқтисодии донишгоҳ, Маркази инноватсионӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Зимни боздид эҳсос гардид, ки меҳмонон дастовардҳои Донишгоҳи миллиро хуб қабул намуда, бо шарту шароити таълим дар донишгоҳ баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки чорабинии мазкур дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид мегузорад”,- иттилоъ дод Талабшоҳ Иҳромов, сухангӯи ректори ДМТ.

Боздид аз Осорхона, ки овони довталабӣ, таҳсил ва хатми Пешвои миллатро фаро мегирад, таваҷҷуҳи меҳмонони олиқадрро бештар ҷалб намуданд.    

Меҳмонон пас аз боздиди Осорхонаи Пешвои миллат дар Китоби меҳмонони осорхона соядаст гузошта, сипас дар саҳни бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ акси хотиравӣ гирифтаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.