Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Неруи ҳарбии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ заифтарин аст?

 

Тибқи рейтинги ба наздикӣ расонаикардаи  Global Firepower Index
Тоҷикистон аз лиҳози неруи ҳарбиаш дар Осиёи Марказӣ заифтарин ба шумор мерафтааст. Кишвари мо дар байни 127 давлате, ки ба рейтинг ворид карда шудааст, дар ҷой 112-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон соли гузашта 81-ум буд.

Давлати пурқуваттарини ҳарбӣ дар минтақаи  Осиёи Марказӣ, ба мсли соли пешин, Ӯзбекистонг мебошад, ки зинаи 48-умро дар рейтинг банд кардааст. Дар ҷойҳои 53-юм Қазоқистон, 84-ум Туркманистон ва 109-ум Қирғизистон мустақар мебошанд.Аз ҳама пурзӯртарин Иолоти Муттаҳидаи Амрико, баъд Русия ва сипас Хитой маҳсуб меёбанд.

Рейтинги нишондиҳандаи сатҳи нерунокии низомӣ аз рӯйи беш 50 далел муайян карда мешавад.   Таваҷҷуҳи асосӣ на фақат ба теъдоди силоҳ, балки ба гуногунии он дода мешавад. Инчунин, омилҳои ҷуғрофӣ, захирахои табиӣ ва саноати маҳаллӣ, шумораи ба хизмати ҳарбӣ ҷавобгӯйи аҳолӣ ба инобат гирифта мешавад. Неруи ҳастаӣ ва дараҷаи роҳбарияти сиёсӣ ва низомӣ ба ҳисоб гирифта намиешавад

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.