Нест кардани гурӯҳи терористӣ дар Тоҷикистон (Видео)

Нирӯҳои вижаи Русияву Тоҷикистон рӯзи 29 март дар ҷараёни машқи муштарак дар тамрингоҳи Самбулӣ як гурӯҳи шартии террористиро аз байн бурданд. Дар ин машқҳо аз ҳавопаймоҳову чархболҳои ҷангӣ низ истифода шудааст.

Нирӯҳои вижаи Русияву Тоҷикистон рӯзи 29 март дар ҷараёни машқҳои муштарак дар тамрингоҳи Самбулӣ таҳти ҳимояти чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангӣ роҳҳову шеваҳои пайдо кардан ва аз байн бурдани гурӯҳҳои шартии террористиро машқ кардаанд.

Тибқи сенарияи машқҳо, нирӯҳои низомӣ як гурӯҳи шартии террористиро ошкор мекунанд, ки қасди гузаштан аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро дорад. Баъди мушаххас кардани пойгоҳи асосии террористҳо ҳавопаймоҳову чархболҳо дастбакор мешаванд ва гурӯҳҳои иктишофиву десантии Тоҷикистону Русия дар ин маҳал барои анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ фуруд меоянд.

Низомиҳои Русия мегӯянд, амалиёт бомуваффақият анҷом ёфт ва гурӯҳи шартии террористӣ аз байн бурда шуд. 

Машқҳои муштараки зиддитеррористии Русияву Тоҷикистон рӯзи 27 март оғоз ёфта, то 30 март давом мекунад. Дар ин машқҳо, ки дар се тамрингоҳи вазорати дифои Тоҷикистон – Москва, Ҳарбмайдон ва Мумирак ва ду тамрингоҳи пойгоҳи 201-уми Русия – Лоҳур ва Самбулӣ доир мешаванд, то 50 ҳазор нафар аз нирӯҳои тоҷик ва то 2 000 аз нирӯҳои Русия – ҳам аз пойгоҳи 201 ва ҳам аз ҳавзаи марказии низомии артиши он кишвар – иштирок мекунанд.

Русия барои ширкат дар ин машқҳои рӯзи 25 март ҳавопаймоҳои ҷангии тамғаи СУ-25СМ-ашро аз пойгоҳи Канти Қирғизистон ба фурудгоҳи Айнӣ дар канори Душанбе интиқол дод.

Ҳамзамон бо машқҳои муштараки Русияву Тоҷикистон рӯзи 27 март дар «Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир”-и Горди миллии Тоҷикистон машғулиятҳои муштараки Тоҷикистону Амрико шурӯъ шуданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин марказ «аз 27 марти соли 2017 то 7 апрели соли 2017 машғулияти тирпарронӣ аз пейнтболҳо ва дарсҳои назариявӣ зиддитеррористӣ бо иштироки 50 нафар мутахассисони ШМА ва 100 нафар кормандони воҳидоти таъиноти махсуси ВКД баргузор мегардад. Ин ба машқҳои тактикии миёни давлатҳо ягон муносибат надорад.

ТВ «Звезда” – шабакаи телевизионии марбут ба вазорати дифои Русия аз ҷараёни машқҳо дар Самбулӣ гузориши видеоие омода кардааст, ки метавонед инҷо бубинед:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *