Нишасти Толибон дар Маскав ба фоидаи кист? Чаро Ҷабҳаи муқовимат даъват нашуд?

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон рӯйхати даъватшудагон ба нишасти Маскавро шарҳ дод

 Дар ин нишаст Русия ба Маскав намояндагони Ҷабҳаи муқовимат аз Панҷшерро даъват накардааст.

РИА «Новости» такя ба қавли Замир Кобулов хабар додааст. Ба суол дар ин маврид фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия посух додааст, ки  ба ин нишаст танҳо «Толибон»*-ро даъват намудаанд.

Агар Маскав дар ҳақиқат хостгори сулҳи Афғонистон мебуд, ӯ ҳатман бояд намояндагӣ аз Ҷабҳаи муқовимат аз Панҷешрро даъват менамуд. Зеро имрӯ вазъ дар Панҷшер басо нигаронкунанда аст. Мардуми одиро гӯруснагиву нодорӣ домангир гаштааст. Аммо бо ин амалаш Маскав чи нақшаеро мехоҳад амалӣ созад маълум нест?

Дар ин нишаст ҳамчунин мақомоти Русия даъват шудани Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии ин кишварро рад кардаанд.

Ахиран хабар дода шуд, ки Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати «Толибон»* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард.

Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви комиссияи «Толибон»* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Кобул иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.

«Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили гуногуни марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд», — изҳор дошт Самангонӣ. Мулоқоти мазкур 20 октябр баргузор мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *