Ноиби аввали СММ зани мусулмон аст

Барои нахустин бор як зани мусалмон ноиби аввали дабири кули Созмони Милали Муттаҳид (СММ, ООН) таъйин шудааст. Амина Муҳаммад аз Нигерия профессори Донишгоҳи Колумбия, яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии Амрико ва дунёст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш рӯзи 15 декабр эълон кард, ки ба мақоми ноиби аввали худ Амина Муҳаммад, як зани 55-сола аз кишвари африқоии Нигерияро интихоб кардааст. Профессори донишгоҳи Колумбия Амина Муҳаммад то кунун дар дастгоҳи дабири кулли қаблии СММ Пан Ги Мун аз соли 2012 ба ин сӯ мушовир оид ба масоили барномарезии Барномаи ҳадафҳои рушд барои давраи баъд аз соли 2015 буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *