Носаҳеҳ, аммо бори аввал дуюмин қавми бузург тоҷикон дар Ӯзбекистон эътироф шуданд

Ӯзбекистон баъди солиёни зиёд омори таркиби қавмии ин кишварро нашр кард, ки бар асоси он тоҷикон 1,7 миллион ҳисоб шуда ва бори нахуст дувумин маҷмӯаи бузурги қавмӣ эътироф шудаанд .

Бар асоси ин омор дар Узбекистон аз ҳама маҷмӯаи бузурги қавмӣ ӯзбекҳо ҳисоб шудаанд, ки шумораашон ба 29 миллион расида ва аз 34,86 миллион 84 дар сади аҳолии ин кишваро дар бар мегиранд. Дар муқоиса бо охирин нуфусшумории Шӯравӣ дар соли 1989 шумораи ӯзбекҳо дар Ӯзбекистон ду баробар зиёд шудааст.

Бар асоси омори нави Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон тоҷикон дувумин гуруҳи қавмии бузург ва миллионии ин кишвар мебошанд, ки шумораашон 1,7 миллион гуфта шудааст.

Тибқи ин омор тоҷикҳо аз 0,9 миллион мардум дар соли 1989 ва 1,2 миллион дар соли 2000 бори нахуст ба ба дувумин қавми бузурги ин кишвар мерасанд. То ин вақт русҳо дувумин қавми бузурги Ӯзбекистон гуфта мешуданд.
Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва донишмандон шумораи воқеии тоҷиконро дар Ӯзбекистон хеле бештар аз оморе медонанд, ки нашр шудааст. Зеро тоҷикон мардуми аслӣ ва асосиву бумии Ӯзбекистон буда дар бузургтарин шаҳрҳо ва вилоятҳои сернуфуси ин кишвар мардуми бумӣ мебошанд.
Дар замони ҳукумати Ислом Каримов гуфта мешуд, ки мардуми тоҷики ин кишвар зӯробазӯр ӯзбек навишта мешаванд ва дар санадҳояшон низ миллияти худро тағйир медиҳанд. Он замон аз табъизи бузурги қавмӣ дар ин кишвар гуфта мешуд.

Қазоқҳо, қарақалпоқҳо, русҳо пас аз тоҷикон ҷой гирифтаанд.
Соли 1989 дар охирин нуфусшуморӣ ё барӯйхатгирии аҳолии Шӯравӣ шумораи аҳолии Ӯзбекистон 19,81 миллион ҳисоб шуда буд. Он замон тоҷикҳо пас аз русҳо севумин қавми бузурги ин кишвар гуфта мешуданд.
Ӯзбекҳо бо 14,14/71,2% миллион бузургтарин маҷмӯаи қавмӣ гуфта мешуданд. Дар соли 2000 шумораи ӯзбекҳо 77,4% ҳисоб шуда буд.
Таркиби қавмии аҳолии домии Ӯзбекистон
узбекҳо — 29,2 миллион нафар;
• тоҷикҳо — 1,7 миллион нафар;
• қазоқҳо — 821,2 ҳазор нафар;
• қарақалпоқҳо — 752,7 ҳазор нафар;
• русҳо — 720,3 ҳазор нафар;
• қирғизҳо — 291,6 ҳазор нафар;
• туркманҳо — 206,2 ҳазор нафар;
• тоторҳо — 187,3 ҳазор нафар;
• курёиҳо — 174,2 ҳазор нафар;
• укроинҳо — 67,9 ҳазор нафар;
• озариҳо — 41,2 ҳазор нафар;
• белорусҳо — 18,5 ҳазор нафар;
• қавмҳои дигар — 426,4 ҳазор нафар;

Дар назар аст, ки дар Ӯзбекистон соли 2023 нуфусшумории аҳолӣ сурат бигирад ва шумораи дақиқи аҳолии ин кишвар муайян шавад.
Ҳол он , ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар ВАО маводе ба нашр расида буд, ки теъдоди тоҷиконро дар ин кишвар ба зиёда аз 14 миллион медонистанд. Аммо инро ҳукумати ин кишвар нишон додан намехост. Ва айни ҳол эътироф ин нишондод далел бар гуфтаҳои болост, ки теъдоди тоҷикон дар ин кишвар ба маротиб болост. Умед бар он аст, ки роҳбарияти кунунии ин кишвар сайъ менамоянд, ки аз ин ба баъд дар шиносномаи ҳар қавми ин сарзамин миллати аслияш навишта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *