Оғози ҷанги бепоён

Зиреҳпӯши рақами 165, ки генерал Борис Громов, фармондеҳи артиши 40-уми Иттиҳоди Шӯравӣ 15 феврали соли 1989 дар болои он Афғонистонро тарк кард, то ҳол фаъол аст: ҳамакнун ин зиреҳпӯш дар артиши Тоҷикистон хизмат мекунад. Ин шоҳиди пӯлодии охирин ҷанги шӯравӣ пас аз се сол шоҳиди ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд. Яъне, хамосаи афғонӣ идома пайдо кард…

Мудохилаи ҳадди ақал

Дар авохири моҳи декабри соли 1979 мо-афсарони ҷавони мустаъфии дивизияи тирандозии 201-умро оҷилан ба дивизия даъват карданд. Он замон тасаввуре намерафт, ки ин оғози ҷангест, ки ҳудуди 10 сол идома хоҳад ёфт. Ҳама ба таври асроромез аз “машқҳои ҷангии бузург” суҳбат мекарданд: субҳи сарди зимистон қатори беохири танк, БТР ва БМП хиёбони Неъмат Қарабоеви Душанбе убур карда, ба самти размгоҳи Лоҳур ҳаракат доштанд ва ин вазъият сокинони шаҳрро ба ҳайрат овард. Садои баланди ҳавопаймоҳои нақлиётии “Ил” ва Ан”, ки ба самти ҷануб парвоз мекарданд, эҳсоси нигарониро аз ҳодисаҳои ҳамсояи ҷануб-Афғонистон бедор мекард. Пас аз чанде дивизияи 201-ум ба ҷанги Афғонистон ҷалб шуд. Ҷанги Афғонистон барои бархе хабари марги наздикон (он замон дар ҳудуди кишвари ҳамсоя 94 сокини Тоҷикистон кушта шуданд) ва барои бархе дигар, масалан, афсарони тарҷумон маҳали кор маҳсуб мешуд.

 Вуруди неруҳои шӯравӣ ба Афғонистон ба истилоҳи сиёсатшиносони муосир ҳамла набуда, балки “кумаки низомӣ ба давлати дӯст” буд. Аз ин лиҳоз, артиши 40-ум, ки ин кумакро амалӣ мекард, “неруҳои маҳдуди шӯравӣ” ном дошт. Воқеан теъдоди ин неруҳо зиёд набуданд: дар солҳои мухталиф теъдоди онҳо аз 40 то 106 ҳазор нафар сарбозу афсарро ташкил медод. Дар амалиёти ҷангӣ бошад, танҳо 20 дарсади ин неруҳо ширкат мекард, дигарон амнияти роҳҳо, корхонаҳоро таъмин карда ва неруҳои афғониро таълим медоданд. Дар асл бояд ҳамин артиши Афғонистон алайҳи муҷоҳидон мубориза мебурд. Аммо амалан ин корро неруҳои шӯравӣ анҷом медоданд.

Бо вуҷуди ин дар соли 1986 дар бештари манотиқи Афғонистон суботи сиёсӣ таъмин шуд. Ин ҳолат умдатан дар манотиқи шимол, ки тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳо зиндагӣ мекарданд, ба мушоҳида мерасид. Дар ин манотиқ тиҷорат рушд карда, садҳо мактабу бемористон ва кинотеатрҳо фаъолият доштанд. Низомиён ва мутахассисони шӯравӣ метавонистанд дар Балх, Тахор ва Ҷузҷон дар хиёбон бидуни силоҳ гарданд. Дар замони “ҷанги афғонӣ” Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон 120 корхонаи саноатӣ, неругоҳҳои барқӣ ва шабакаҳои обрасонӣ бунёд карда ва даҳҳо ҳазор нафар афғонҳо дар донишгоҳу техникумҳои Русия, Украина, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳсил карданд.

Тасмими хурӯҷи неруҳои шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1988 на хотири мағлубият дар ҷанги алайҳи муҷоҳидон буд, ки онҳо аз ҷониби Ғарб, Чин ва кишварҳои исломӣ ҳимоят мешуданд.  Ин тасмим далели сиёсӣ дошт: Дар Иттиҳоди Шӯравӣ нухбагони ҳокими ҳизбию ҳукуматӣ дучори буҳрон шуда ва бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш равобити дӯстона доштанд. Дар чунин сиёсат Афғонистон ба василаи “роҳёбӣ ба ояндаи дурахшон” табдил гардид. Дар пасманзари ин ҳалокати 15 ҳазор низомии шӯравӣ беҳуда ба назар мерасид…

Ҷангу ноамнӣ дар Афғонистон

Дар солҳои 1988 ва аввали соли 1989 неруҳои шӯравӣ комилан аз Афғонистон хориҷ шуданд. Масъулияти ҳифзи қудрат ва бунёди “ҷомеаи демократӣ” дар Афғонистон ба уҳдаи доктор Наҷибулло вогузор шуд. Аммо ин низомро на “хурӯҷи ишғолгарони шӯравӣ”, на артиши тавонои бо кумак ва силоҳи шӯравӣ бунёдшуда наҷот дода натавонистанд. Дар соли 1992 дар Афғонистон муҷоҳидон ба қудрат расиданд. Ба дунболи он кишвар ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт. Дар муддати ҳудуди 10 соли ин ҷанг теъдоди қурбониён аз талафоти даврони ҳузури неруҳои шӯравӣ ба маротиб бештар буданд. Вазъият дар соли 1996, пас аз ғасби қудрат дар Кобул аз ҷониби Ҷунбиши “Толибон”, гурӯҳи умдатан паштунҳо бадтар шуд. “Толибон” ба ҳеч ваҷҳ намехост “ғайрипаштунҳо”, яъне, тоҷикон, ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва дигаронро ба қудрат шарик кунад.

Ташаккули “Иттиҳоди шимол”, ки аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Туркманистон), Русия ва Эрон бархӯрдор буд, бо неруҳои “Толибон”, ки аз сӯи Покистон ҳимояти низомӣ мешуд, муқовимат карда натавонист. Ин ташаккул танҳо 15 дарсади қисмати кучаки шимоли Афғонистонро таҳти назорат доштанд. Ҳукумати “Толибон” бо номи Аморати Исломии Афғонистон дар кишвар низоми асримиёнагиро барқарор карда, мактабу донишгоҳҳо, мусиқию телевизорро мамнӯъ кард.Муҷассамаи бузурги Буддаи асри 2-ро дар моҳи феврали соли 2001 танҳо ба хотири рамзи бутпарастӣ буданаш хароб намуд. Ин ҳодиса ҷомеаи ҷаҳониро сахт такон дод. ЮНИСЕФ билофосила ин амалро шадидан маҳкум кард.

Ба пеш, ба сӯи гузашта?

Дар моҳи октябри соли 2001 Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон амалиёти “Озодии шикастнопазир”-ро оғоз карданд. Далели ин тасмим амали террористӣ дар Ню — Йорк ва ҳузури омилони он, яъне, “Ал-Қоида” дар Афғонистон маҳсуб мешуд. Баъдан, ба ин амалиёт НАТО пайваст. Дар соли 2010 теъдоди неруҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ба 130 ҳазор нафар расид. Аммо ин амалиёт натиҷаи мусбӣ надод ва дар соли 2014 бахши умдаи неруҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк карданд. Дар ин муддат 3417 нафар аз неруҳои ғарбӣ, аз ҷумла, 2306 амрикоӣ, кушта шуданд.

Дар ояндаи Афғонистонро чӣ интизор аст? Бештари коршиносон ба имкони сар задани ҷанги дохилӣ ишора мекунанд. Артиши феълии Афғонистон қудратманд нест: як сеюми ҳайати шахсӣ фирор мекунанд, танҳо бахши ночизи он таҷрибаи ҷангӣ доранд.

Сарбозони шӯравӣ, ки 30 сол қабл аз тариқи Хайратон аз Афғонисттон хориҷ шуда буданд, дар асл аз ҷанги беохир раҳо ёфтанд…

В.В.Дубовицкий, собиқ лейтенанти калон ва афсари мустафии дивизияи 

201

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *