Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Омодагии ҷангӣ дар Тоҷикистон: аз сарбозони қаторӣ то генералҳо

Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар ҷумҳурӣ санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад.

Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯзи 22 июл дар ҷумҳурӣ санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад. Дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомии 5 ҳазор сарбозу афсарс, ки бо бонги хатар соати 4:00 хезонда шуд, хабар додааст РИА Новости.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, сарбозони эҳтиётӣ дар навоҳии Тоҷикистон дар асоси даъватнома, ки соати 4-и субҳи 22 июл бо майдонҳои муайян барои санҷиш ва машқи низомӣ ҳозир шуданд.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 22 июл сафарбарсозии ҳайати эҳтиётӣ, барои омӯзиш ва машқи низомӣ сурат мегирад. Аз нерӯҳои захиравӣ хоҳиш шудааст, ки ба ҷойҳои муайян бо либоси варзишию ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳозир гарданд.
Таъкид мешавад, ки 22 июл дар саросари кишвар санҷиши омодагиии ҷангӣ сурат мегирад.

“Дар асоси Нақшаи мудофиаи Тоҷикистон 22 июли соли 2021 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ санҷиши бузургмиқёси омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу гузаронида мешавад”, – иттилоъ дод манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ғасбкориҳои ҷангиёни Толибон* дар марз ҷаласаи Шӯрои амниятӣ баргузор намуда, ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар супориш дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.