Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Оё Имрон Хан нахуствазири Покистон метавонад Толибонро қонеъ гардонад?

Нахуствазири Покистон аз оғози музокирот бо Толибон дар бораи ҳукумати фарогир хабар дод.

Имрон Хон, сарвазири Покистон гуфтааст, баъди суҳбати тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ва бозгашташ аз Душанбе гуфтугӯҳоро бо Толибон* барои ташкили як давлати ҳамашумул оғоз кардааст. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи Твитераш хабар додааст.

«Пас аз музокирот дар Душанбе бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва аз ҷумла суҳбати тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ман бо Толибон* дар бораи ҳукумати фарогир дар Афғонистон, аз ҷумла бо ҳузури тоҷикон, ҳазараҳо ва ӯзбекҳо, музокира оғоз кардам», — навиштааст, Имрон Хон.

«Пас аз чил соли ҷанг, танҳо як ҳукумати фарогир кафолати сулҳи пойдор дар Афғонистон буда метавонад. Ин на танҳо ба манфиати афғонҳо, балки ба кишварҳои минтақа аст», — таъкид кардааст ӯ.

Оқои Хон гуфта, ки пас аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон, музокирот бо Толибонро оғоз кардааст.

Ёдовар мешавем, сафари расмии Имрон Хон ба Тоҷикистон дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) — Русия, Ҳинд, Чин, Покистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, ҳамчунин кишвари нозир – Эрон баргузор шуд.

Пас аз мулоқоти дуҷониба бо Имрон Хон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.

“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”, — гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон танҳо кишварест, ки аз ҳамон оғоз ба хотири мазҳабии қурунивустоӣ ва такқавмӣ буданаш бо ҳукумати “Толибон”* ошкоро мухолифат кард ва аз муроот нашудани ҳаққи ақвоми ғайрипаштун, қабл аз ҳама тоҷикон, ки 46% дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил мекунанд, бонги изтироб зад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли таъмин нашудани ширкати тамоми ақвом дар умури давлатдории Афғонистон ин кишвар ба як бесуботӣ ва ҷанги дохилии дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Покистон — пуштибони аслии “Толибон”* низ бар ин назар аст, ки фақат як ҳукумати фарогир дар Афғонистон метавонад муҷиби сулҳи пойдор дар Афғонистон шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.