Панҷшер омодаи ҷанг аст, агар…

Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер дар посух ба изҳороти аъзои гурӯҳи тундгарои Толибон*, ки барои «таслим шудан чор соат вақт медиҳанд», гуфтаанд, омодаи ҷанг ҳастанд.

Дар наворе ки РИА Новости таҳия кардааст, дида мешавад, ки аъзои ҷабҳа изҳори омодагӣ ба ҷанг мекунанд.

«Касое, ки барои Панҷшер чор соат вақт додед, хуб огоҳ бошед, ки ин ҷовонҳое, ки ин ҷо истодаанд, бароятон чор сол вақт медиҳанд. Агар ҳиммат доред, мубориза кунед», — изҳор медоранд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ҷангиёни Толибон* ба Панҷшер хело наздик шудаанд.

Онҳо изҳор доштаанд, ки Панҷшерро дар муҳосира қарор додаанд.
Новобаста аз вазъи муташанниҷ, ҳарду ҷониб ҳам изҳори омодагӣ ба гуфтушунид кардаанд.

Шаби гузашта, як қатор расонаҳо хабар доданд, ки миёни ҷабҳаи муқовимат ва толибон задухӯрд анҷом ёфтааст. Аммо то ба ҳол иттилое дар ин бора вуҷуд надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *