Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешниҳод: Дар Тоҷикистон ҳам Паради ҳарбӣ гузарад!

Соли равон аз ғалабаи Иттифоқи Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ 75 сол пур шуд, вале бо сабаби хурӯҷи пандемеяи коронавирус рӯзи 9 май чун анъана таҷлил нашуд, дар бисёре аз кишварҳо паради ҳарбӣ нагузашт, аз ҷумла дар Тоҷикистон.

Имрӯз Русия мекӯшад, ки ҳамаи дастовардҳои ҶБВ-ро дастоварди худ нишон диҳад ва барои ин зиёд талош мекунад. Вақте телевизионҳои ин кишварро тамошо мекунам, ҷоннисории халқҳои дигарро намебинам, гӯё фақат русҳо дар ин ҷанг ширкат кардаву қаҳрамонӣ карда бошанд. Ҳол он ки дар ин ҷанги хонумонсӯз дар баробари дигар халқу миллатҳо ҳазорон фарзанди фарзонаи тоҷик ҷонашро кафи даст гирифта, барои ҳимояи марзу бум қаҳрамонӣ нишон доданд.

Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд, ки аз ин 100 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. 65 нафар тоҷикон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советиро гирифтанд. Яъне, миллати тоҷик дар ғалабаи давлати Советӣ ба Олмон нақши равшан дорад.

Санаи 24 июн дар Маскав паради ҳарбӣ гузашт ва ҷашни Ғалаба таҷлил шуд, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат намуданд. Ба ин васила русҳо хотири иштирокчиёни ҷангро шод карданд. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро мо ҳам Иди Ғалабро таҷлил накунем? Айни замон дар кишвар теъдоди хеле ками иштирокчиёни ин ҷанг зинда мондаанд. Худо медонад, ки то соли оянда чанд нафар боқӣ мемонанд, зеро ҳамасола ин қаҳрамонон моро тарк мекунанд.

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки дар арафари таҷлили рӯзи Истиқлолият паради ҳарбии махсус дар Боғи Ғалабаи пойтахт бахшида ба 75 — солагии Ғалаба баргузор шавад ва ин рӯз дар кишвари мо низ расман таҷлил гардад.

Абдураҳмон Сатторов, собиқадори меҳнат, фарзанди иштирокчии ҶБВ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.