Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси Бонк ва Фонди созмони Шанхай

Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бонки ин созмон таъсис дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон масоили амниятӣ, ҳамкориҳои чандҷониба ва таъсиси бонки СҲШ-ро дар меҳавари суханрониаш қарор додааст.

Дафтари матбуоти презизенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  имрӯз, 24-уми июн дар Тошканд ннахуст ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар теъдоди маҳдуд ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон иштирок карданд:

“Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд. Ба кишварони шарики муколама Туркия, Шри-Ланка, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Непал, Камбоҷа ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шомил мебошанд”.

Бар асоси гуфтаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бар тақияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир барои таъмини амнияту собот дар минтақа ва ҷаҳонро таъкид намудааст. Ӯ пешниҳод намуда, ки бояд раванди таъсиси Бонк ва Фонди рушди Созмонҳои ҳамкории Шанхай дар солҳои баъдӣ тезонда шавад. Инчунин, Тоҷикистон ҳавсамандиашро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, минҷумла лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавиро баён кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдории хешро баҳри ҳарчи зуддар қабуд шудани  Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризми байналхалқӣ баён доштааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.