Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент қонуни нави хизмати ҳарбиро шарҳ дод

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати мудофиа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо дигар сохтору мақомоти давлатиро вазифадор кард, ки барои ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки имрӯз дар  “Кохи Борбад” доир гардид,  хотиррасон кард, ки чанд чанд рӯз пештар қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, ба бархе қонунҳои дигар тағйирот ворид шуд.

Президент ҳадафи ин навгониҳоро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.

“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

“Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки омӯзиши пешакии шаҳрвандони синни даъват дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои табобативу солимгардонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ ва омӯхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ чораҷӯӣ карда шавад”, — дастур дод Раҳмон.

Бар асоси қонуни ҷадид, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро, қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.