Президент: Додситонҳо бояд » Ҳимоятгар» на » айбдоркунанда» шаванд

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбекистон дар суҳбат бо кормандони мақомоти додситонии ин кишвар гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар назди мардум ҳисобот медиҳанд ва фаъолияташон бар пояи раддабандӣ баҳогузорӣ мешавад.

Мирзиёев ҳамчунин аз додситонҳо, ки тайи солҳои ахир ба «айбдоркунанда» табдил ёфтаанд, хостааст, то барои касби унвони «ҳимоятгар» талош кунанд. Мулоқоти мазкур дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти додситонии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки ҳамасола 8 январ таҷлил мешавад.

«Сар аз соли 2017 низоми ҳисоботдиҳии тамоми ҳокимони сатҳҳои гуногун, сардорони ниҳодҳои додситонию корҳои дохилӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ҷуз ин, дар минтақаҳо раддабандии фаъолияти додситонҳо сурат хоҳад гирифт, ки бар пояи натоиҷи он фаъолияти онҳо баҳогузорӣ мешавад», — афзудааст президенти Ӯзбекистон.

Шавкат Мирзиёев, ки гуфт, аз ҳар қарори додситонҳо тақдири инсон вобастааст, афзуд, «бештари муроҷиатҳо ба қабулгоҳи маҷозии сарвазир марбути фаъолияти додситонҳост». «Ин хеле таассуфовар аст. Барои чӣ дар зиндагии мардум мушкилот меафзояд? Бахши бештари ин муроҷиатҳо натиҷаи бемасъулиятии раҳбарони ниҳодҳои дахлдор, бахусус мақомоти додситонист», — изҳор доштааст вай.

Қабулгоҳи маҷозии сарвазири Ӯзбекистон охирҳои моҳи сентябри соли 2016 таъсис ёфта, то ҳол 311 ҳазор шаҳрванд ба он муроҷиат кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *