Президент: Марзро мустаҳкам кунед

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон дастур додааст, ки ба ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон тақвият бахшида шавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҷаласаи корӣ ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мудофиаи кишвар вобаста ба авзои кунунии сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон супоришҳои қатъӣ дод.
«Роҳбарони сохторҳои мазкур ба андешидани тадбирҳои амниятӣ ва тақвияти ҳифзи марзҳои кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир вазифадор шуданд», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ёдрас мешавем, чанд рӯзи ахир вазъи кишвари Афғонистон печидатар мегардад.
Тавре пештар хабар дода будем, дирӯз дар Кобул дар пайи як ҳамлаи террористии мудҳиш дар мактаби духтарона ҳудуди 63 толибилм кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *