Президент муовини сарвазирро масъули рушди чӯҷапарварӣ кард

Ройтерс менависад, раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев яке аз рақибонаш дар тақсими қудрат– муовини сарвазир Рустам Азимовро масъули рушди лимону чӯҷапарварӣ карда ва аз саҳна канор задааст. Ҳоло дар арши қудрат дар Тошканд танҳо Мирзиёев ва раҳбари пурнуфузи Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов мондаанд.

Хабаргузории Ройтерс бо такя ба ду манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон хабар дод, ки раиси ин ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев ҷиҳати дар дасти худ ҷамъ овардани қудрати бештар иқдом карда ва муовини сарвазир Рустам Азимовро аз саҳна хеле танг кардааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Мирзиёев аз ҷумла умури ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварро ба дасти худ гирифта, ба Рустам Азимов, ки то кунун ин умур дар дасташ буд, имкон надодааст, то командаи худро ташкил кунад.

Бар асоси тавофуқе, ки моҳи сентябри соли 2016 баъди даргузашти раисиҷумҳури нахустин Узбекистон Ислом Каримов дар арши сиёсии Тошканд ҳосил шуд, қудрат дар ин кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказӣ байни се нафар – сарвазир Шавкат Мирзиёев, ки ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд, муовини сарвазир Рустам Азимов ва раҳбари Хадамоти амнияти миллӣ генерал Рустам Иноятов тақсим шуда буд.

Ба ин тартиб, бо канор задани Рустам Азимов, дар мубориза барои тақсими қудрат дар арши сиёсии Узбекистон дар муқобили Мирзиёев фақат генерал Иноятов боқӣ мемонад.

Ройтерс моҳи гузашта хабар дода буд, ки мубориза байни ин сегонаи ҳоким бар Узбекистон шиддат гирифтааст ва дар ҳоле ки Мирзиёев ва Азимов ба ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла сар додани қурби пули миллӣ – сӯм – ва беҳбуди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя исрор меварзанд, генерал Остонаев мухолифи чунин ислоҳот ва ҳам мухолифи азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Узбекистону Тоҷикистон мебошад.

Аз саҳна танг шудани Рустам Азимов, бино ба гузориши Ройтерс, метавонад мояи нигаронии давлатҳои хориҷӣ дар мавриди бесуботӣ бо Узбекистони бо Афғонистон ҳаммарз шавад.

Рустам Азимови 58-сола, ки бо раҳбари қаблии Узбекистон Ислом Каримов хеле наздик буд, расман дар мақоми муовини сарвазир боқӣ мондааст. Вале манбаи Ройтерс мегӯяд, ки президент Мирзиёев салоҳиятҳои расмии Азимовро коҳиш дода, аз ҷумла ташкили тими масъули ислоҳоти иқтисодиро барои вай манъ кардааст. Рустам Азимов, ба ҷои ин бояд акнун машғули барномаи рушди чӯҷапарварӣ ва шинондани ниҳолҳои лимон дар манотиқи деҳоти Узбекистон шавад.

Шавкат Мирзиёев, ба гуфтаи як манбаи дипломатӣ, Содиқ Сафоев, муовини раиси палатаи болои парлумонро масъули ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди Узбекистон таъйин кардааст. Содиқ Сафоеви 63-сола ҳамин тавр, Рустам Азимовро дар мақоми намояндаи Узбекистон дар Шӯрои мудирони Бонки аврупоии бозсохт ва рушд иваз кардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *