Президентии Трапм расмӣ гашт

Миллиардер Доналд Трампро рӯзи душанбе ҳайати интихобкунандагон расман президенти ИМА интихоб карданд.

Ҳайати мазур натиҷаҳои интихоботи 8 ноябрро таъйид карда, ба ҷонибдори аз Трамп интихобкунандагони ҳамаи аёлатҳое, ки дар онҳо миллиардер овози бештар касб карда буд, раъй додаанд. Ҷамъан аз номзадии Трамп 304 интихобкунанда ҷонибдорӣ карда, танҳо ду ҷумҳурихоҳи Техас зидди ӯ овоз додаанд.

Номзади Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ Ҳиллари Клинтон 227 раъй ба даст овардааст. Дар Вашингтон 4 интихобкунандаи демократ на ба Клинтон, балки ба дигарон овоз додаанд. Дар аёлати Гавай низ як овоз ба рақиби пешазинтихоботии Ҳиллари Клинтон Берни Сандерс дода шудааст.

Шумори ҳайати интихобкунандагон бо теъдоди аъзои ҳар ду палатаи Конгресси ИМА (558 нафар) баробар аст. Интихобкунандагони ҳар аёлат вобаста ба шумори аҳолияшон аст ва барои президенти ИМА шудан номзад бояд раъйи 270 нафари онҳоро ба даст орад.

Интихоботи президентии имсолаи ИМА бо моҷароҳои марбути ҳамлаҳои рахнагарони интернетӣ ба компютерҳои Ҳизби демократ тавъам баргузор шуд. Аз ин рӯ, як қатор фаъолон аз интихобкунандаҳои ҷумҳурихоҳ дават карданд, ки номзадии Трампро ҳимоят накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *