Пулис сокинони Оқсойро пароканда кард

Дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон сокинони маҳаллӣ бо пулис даргир шуданд. Ба иттилои вазорати корҳои дохилии он кишвар, сокинон сӯи кормандони милиса сангпартоӣ ва пулис аз василаҳои махсус истифода кард.

Дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон сокинони маҳаллӣ бо пулис даргир шуданд. Ба иттилои вазорати корҳои дохилии он кишвар, сокинон сӯи кормандони милиса сангпартоӣ ва пулис аз василаҳои махсус истифода кард.

Ба навиштаи расонаҳо, чанд тан захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Шумори маҷрӯҳон дар ҳоли ҳозир хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи муноқишаи рӯзҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, муовинони нахуствазирони ду кишвар дар мавзеи Дачаи вилояти Бодканд мулоқот намуда ва вазъ дар сарҳадро баррасӣ кардаанд. Мулоқоти Азим Иброҳим ва Ҷениш Разоқов баъд аз зӯҳри 23-юми июл сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистонро таҳқиқ намуда ва омилҳои муноқишаи рухдода дар Ворух ва Оқсойро муайян кунанд. Ва ҳамчунин барои мардуми ҳамин минтақаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар ҳукумати шаҳри Исфара мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам роҳ миёни Ворух ва Оқсой баста аст ва мошинҳо аз Исфара наметавонанд ба самти Ворух ҳаракат кунанд. Роҳ миёни Исфара ва Ворух пас аз ҳодисаи рӯзи душанбе баста мебошад.

Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки баъд аз зӯҳри 22-юми июл оғоз шуд, як сокини Исфара кушта кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исфара, бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола кушта шуд. Дар рӯзи аввали муноқиша ҳамчунин Расул Шомирсаидзода, як афсари пулиси раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ захм бардошт.

Муноқиша дар Ворух рӯзи 23-юми низ идома кард ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ин рӯз корманди дигараш Фаррух Тошхӯҷаев дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон маҷрӯҳ шуд. Масъулини ВКД гуфтанд, Тошхӯҷаев аз тири камон ё сочма захмдор шуда, феълан дар беморхона мебошад. Ҳамзамон тарафи Қирғизистон иттилоъ дод, ки як марзбонаш дар пайи муноқишаи рӯзи 23-юми июл бо захми тир ба бемористон интиқол дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *