Раиси ноҳияи Дӯстӣ ҳам аз мақомаш барканор шуд

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин шудааст.

Ӯ то ин замон раиси ноҳияи Носири Хусрав буд. Як манбаъ аз мақомоти ноҳияи Дӯстӣ гуфт, ки Саизода Нурмуҳаммад, раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Дӯстӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии нафақа аз вазифаи раиси ноҳия озод шудааст.

Маҳмадаюб Шарифзода, раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ба ҷой Нишонзода Даврон раиси ноҳияи Носири Хусрав таъин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *