Русия: Дар эътирозҳои Москва хориҷиҳо даст доранд

Муовини раиси кумитаи Шӯрои федератсия оид ба умури байналмилалӣ ва узви комиссияи ҳимояти ҳокимияти Русия Андрей Климов гуфт, дар эътирозҳои мухолифони шаҳри Москва хориҷиҳо даст дошта, Ғарб ба умури дохилии кишвараш дахолат мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина «оҳанги асосӣ-«ро ИМА менавозад. Климов мегӯяд, 10 август дар тазоҳуроти мухолифон дар хиёбони Академик Сахарови пойтахти Русия шахсони душаҳрвандие иштирок доштанд, ки ба кишварҳои дигар савганди садоқат ёд кардаанд.

Ӯ ҳамчун намуна рэпсаро Oxxxymiron-ро зикр кард, ки «бештари умри 34-солаашро дар Аврупои Ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё сипарӣ карда, ҳоло тасмим гирифтааст, аз ҳуқуқи номзадҳои мустақил ба мақоми вакилии маҷлиси шаҳрии Москва ҳимоят кунад». Климов ҳамчунин баъзе аз шаҳрвандони ИМА-ро мисол овард, ки гӯиё ба иштирокчиёни тазоҳуроти 10 август машварати ҳуқуқӣ расонидаанд.

Пештар шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, бештари онҳое, ки бо талаби роҳ ёфтани номзадҳои мустақил ба маҷлиси шаҳрӣ тазоҳурот мекунанд, сокинони пойтахти Русия нестанд. Вале як назарсанҷӣ дар тазоҳуроти хиёбони Сахаров нишон дод, ки 80 дарсади эътирозгарон сокини пойтахти Русия ва 17 дарсад сокинони вилояти Москва ҳастанд.

Дар маркази шаҳри Москва бо талаби роҳ ёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ як моҳ мешавад, эътирозҳо идома доранд. Пулис ҷамъан то имрӯз ҳудуди се ҳазор одамро дастгир кардааст. Кумитаи тафтишотии Русия пас аз тазоҳуроти 27 июл зидди 14 кас бо банди ташкили бетартибиҳои оммавӣ парванда боз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *