Руссия: Амрико пуштибону дастгирӣ ДИИШ будааст!!!

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз иртиботи ИМА бо ДОИШ дар Афғонистон гуфта, изҳор доштааст, ки ин масъала диққати сохторҳои байналмилалиро талаб мекунад.

Далелҳои раднашаванда мавҷуданд, ки исбот менамоянд, Иёлоти Муттаҳида бо ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон) дар шимоли Афғонистон ҳамкорӣ кардааст, гуфт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

«Мо дар бораи парвозҳои чархболи номуайян, ки аз соли 2017 дар доираи фаъолиятҳои ҷангиёни ДИИШ (созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон), ба хусус дар шимоли Афғонистон сабт шудаанд, саволҳои зиёде доштем … Тибқи иттилои манбаъҳои афғон, тавассути ин ҳавопаймоҳо, нерӯҳои нав ба сафи ДИИШ оварда шуданд, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ интиқол дода шуданд»,- гуфт Захарова дар як брифинги ҳафтаина.

Намояндаи вазорат иброз дошт, ки ин маълумот якчанд маротиба пешкаши омма карда шуд, ки диққати сохторҳои байналмилалиро талаб мекунад.
Захарова таъкид кард, ки «Бидуни огоҳии Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои НАТО, ки фазои ҳавоии Афғонистонро комилан назорат мекарданд, чунин фаъолиятҳо ғайриимкон буданд».
Ҳамчуни бону Захарова афзуд, ки ҳолатҳои зарбаҳои ҳадафраси нерӯҳои ҳавоии ИМА ба мавқеъҳои ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон, ки бо даргириҳо бо ворид шудаанд, вуҷуд доранд.

«Чунин рафтор бешубҳа далелҳои ҳамкориҳоро нишон медиҳад. Мо чунин мешуморем, ки ин маълумот барои баровардани хулоса дар бораи ҳамкории ИМА ва ҷангиёни ДИИШ кифоя аст», — хулоса кард Захарова.

Қаблан фиристодаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов гуфта буд, ки Русия далелҳои ҳамкории ИМА бо ДИИШ-ро дорад. Вай гуфт, ки маълумот аз афғонҳо омадааст. Ғайр аз ин, нишондоди Толибон аз далелҳои шарикӣ шаҳодат медиҳад.

Ҷаҳон афӯс, ки ба ҳарфи ин боизгари майдони сиёсат бовар дорад ва маккориву шайтониву найрангу ҳилаи ӯро дар оиннаи торих “демократия” номгирифтаанд, ки модараш ҳамин Амрикост. Ҳамон Амрикое, ки ҳич дар вуҷудаш аз он демократияе, ки мегӯяд бӯе нест. Магар куштору ғорату қатли омм ва фишору зӯровариҳои ин кишвар барои дигарон “озодихоҳиву демократия” ба шумор мераванд! Аҷобат дар он ки чаро ҳич як кишвари абарқудрате наметавонад, парда аз рӯи ин аҷузаи шайтонсифат бардорад?! Чаро?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *