Сарфармондеҳи олӣ: Барои чунин рӯйдодҳои фоҷиабор мардуми гунаҳгор нестанд !

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳад кард

Мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад гуфтааст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи баромадан аз вазъи кунунии низоъиро бояд ба таври осоишта ҷуст, иттило додааст, хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Сарвари давлат бо чунин изҳорот ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки субҳи барвақт барои санҷиши омодагии ҷангии қисмҳои ҳарбӣ бархоста буданд, сухан ронд.

«Вазъ дар кишвари ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимолии ҳаммарз бо кишвари мо ҳамчунон ниҳоят душвор ва номуайян боқӣ мемонад, вазъ рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккабтар мешавад», — таъкид кард сарвари давлат.

Вақти он расидааст, ки қайд кард, Президент сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя, пешвоёни ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, зиёиён муттаҳид шуда, давлат ва миллатро аз бесуботӣ ва парокандагӣ наҷот диҳанд, зеро мардуми Афғонистон гунаҳгор нестанд барои чунин рӯйдодҳои фоҷиабор.
«Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати беруна ба корҳои дохилии кишвари ҳамсоя мебошанд, ки беш аз чиҳил сол боз идома дорад», — афзуд Раҳмон.

Ғайр аз он, сарвари ҷумҳурӣ гуфт, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90 аз сар гузаронидааст, «мо ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии ҳамсоягон дахолат намекунем».

Вазъи Афғонистон ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳи низомӣ ҳал нахоҳад шуд.

Дар тамоми қаламрави кишвар бо садои бонги хатар соати чори субҳ 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ ҷамъ омада буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *