Сарвазир ба хотири куштори рӯзноманигор ба истеъфо рафт

Сарвазири Малта Ҷозеф Мускат дар пайи тафтиши пурмоҷарои куштори рӯзноманигор Дафне Каруана Галисия расман аз мақомаш истеъфо дод.

Дафне Каруана Галисия ба таҳқиқи фасодкориҳо машғул буд ва соли 2017 ӯро куштанд. Мошини рӯзноманигор замоне таркид, ки ӯ пушти фармон нишаста буд.

Дар робита ба ин куштор се кас боздошт шуд. Охирҳои соли гузашта соҳибкори маъруфи Малта Йорген Фенекро низ бо гумони даст доштан дар қатли рӯзноманигор дастгир карданд.

Сарвазири ҳамакнун пешини Малта Ҷозеф Мускат ҳанӯз як моҳ пеш гуфта буд, ки моҳи январ аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Пештар аз ин сокинон бо талаби истеъфои ӯ даст ба тазоҳурот зада буданд.

Ҳизби ҳокими Малта Роберт Абел, писари сарвазири пешин Ҷорҷ Абелро, ки солҳои 2009-2014 ҳукумати ин кишварро раҳбарӣ кардааст, сарвазири нав интихоб намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *