Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сарвазири Украина ба истеъфо рафт

Алексей Гончарук, сарвазири Украина аризаи истеъфояшро навишт.

Гончарук баъди он аризаи аз кор рафтанашро навишт, ки ахиран дар Интернет суҳбате монанд ба садои вай нашр шуд. Гончарук дар ин суҳбат мегӯяд, ки Владимир Зеленский, президенти Украина дарки иқтисодӣ надорад.

«Ман ба мақом барои иҷрои барномаҳои президент омадам. Вай барои ман намунаи инсони дастрас ва ботарбият аст. Аммо ба хотири бақои эътимод ва эҳтиром ба президент ман тасмим гирифтам, ки аризаи истеъфо нависам», — навишт Гончарук дар Фейсбук.

Ба навиштаи расонаҳо, қонунгузории Украина иҷозат намедиҳад, ки ҳукумати кишвар дар соли аввали шуруъи фаъолият пароканда эълом гардад. Ба ин тартиб, ҳукумати Гончарук то моҳи октябри соли 2020 ҳаққи фаъолият дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.