Се рӯзи оташ бас: Кӣ киро бояд шикаст диҳад? Ё чаро Толибон чунин хостанд?!

Ин се рӯз басо нигаронкунандаву ҳасос мебошад. Дар тайи ин се рӯз чиҳое паси сар намешаванд. Ҷабҳаи Муқовимат чӣ кунад? Сари мизи музокирот бо душман нишинад ва ё дар сангарҳо қарор бигирад?

Миёни Ҷабҳаи Муқовимат ва толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Панҷшер, гуфта мешавад, ки оташбаси 3 рӯза эълон шудааст. Бархе огоҳон ба ин назаранд, ки толибон ният доранд дар тӯли ин 3 рӯз бо баҳонаи сар задани набардҳои тоза сокинони маҳаллиро маҷбур созанд минтақаро тарк кунанд, то ки баъдан дар хонаҳои онҳо паштунҳои Вазиристонро ҷой кунанд. Ин таҷрибаро дар дигар шаҳррҳои Афғонистон қаблан Толибон роҳандозӣ карда буданд. Паштунҳоро дар хонаҳои мардуми маҳаллӣ ҷо карданд, ки муқобилон натавонистанд бар зидди душман тир парронанд. Ва ба ин васила Толибон шаҳрҳоро бидуни муқовиамту хоинии сарварони мулк зери тасарруф дароварданд. Бино ба ин бояд дар муддати ин се рӯз Ҷабҳаи Муқовимат низ барои тарҳҳои нав омодагии ҷиддӣ гиранд ва агар имкон бошад, сангарҳои худро қавитару ҷоноктар намоянд. Дар ин се рӯз метавон ҳамзамон душманро ғофил гир кард.   Аммо нуқтаи назари  дигар низ вуҷуд дорад, ки шояд  толибон мехоҳанд ҷасади сарбозони дар набардҳои Панҷшер кушташударо ба Покистон ва минтақаҳои худ бифиристанд диҳанд.

Дар тайи ин чанд моҳ мо шоҳид бар он шудем, ки он ҳама сару садоҳои баланди созмонҳои ҳифзи ҳуқуқу абарқдратон арзише надоштааст. Чун чодар аз рғяшон афтод ботини ингуна пуштибонони ҳуқуқ оинасон маълум гардид. Яъне онҳо танҳо манфиатҳои худашонро ҳифз менамоянд ва ба поймолшавии ҳуқуқҳои дигарон коре надоранд.

 Мухтор Боқизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *