Шэннон ба қабри Каримов гул гузошт

 

Муовини котиби давлатии ИМА оид ба сиёсати хориҷӣ  Томас Шэннон дар доираи сафараш ба Узбекистон рӯзи ҷумъа ба Самарқанд рафт ва он ҷо сари қабри Ислом Каримов гул гузошт.

Томас Шэннонро дар сафари Самарқанд вазири корҳои хориҷии Узбекистон, сафири ИМА дар ин кишвар ва шахсони дигар ҳамроҳӣ кардаанд. Шэннон дар Самарқанд аз ёдгориҳои дигар низ дидан кардааст. Муовини котиби давлатии ИМА дар Узбекистон бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *