Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шери жаён дар харитаи Тоҷикистон

Дар рӯзҳое, ки раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев пораи ҷудонашавандаи Тоҷикистон – Ворухро беасос анклав эълон кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси шер дар харитаи Тоҷикистон пайдо шуд. Муаллифи ин асаре, ки маъруфияти зиёд пайдо кард Неъматуллоҳ Акбар аст.  

“Харитаи Тоҷикистон дар тахайюлоти ман ҳамеша мисли як шери шарза ва ғуррандае буд, ки ба қафо нигоҳ мекунад. Чандин муддат буд, ки чӣ гуна тасвир намудани он дар зеҳнам чарх мезад. Бо истифода аз фурсати мавҷуда, тавонистам тасаввуроти худро рӯи коғаз тасвир намоям” – мегӯяд, Неъматуллоҳ Акбар.

Воқеан, ин тасвир аз ҷониби истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ пазируфта шуд ва ҳазорон нафар, чун рамзи муҳаббат ба Ватан ва якпорчагии Тоҷикистон онро дар саҳифаҳои хеш бознашр карданд.

Пас аз он ки муноқишаҳои марзӣ ба низоъи мусаллаҳона табдил ёфт, шери дохили харита берун ҷаст ва душманро бо панҷаҳои пӯлодинаш мағлуб намуд. Маҳз чунин аст, тасвири дигари Неъматуллоҳ, ки феълан дар фазои маҷозӣ мечархад.

Неъматуллоҳ Акбар рассоми касбӣ нест, ҳол он ки аз хурдӣ ба ин пеша завқ дошт:

-Аз рӯзе, ки худро шинохтам ба рассомӣ майл доштам, аммо ҳеҷ гоҳ ҷиддӣ ба ин ҳунар напардохтам. Падарам чандин маротиба пешниҳод карданд, ки дар риштаи рассомӣ таҳсилро идома дода, ин касбро пурра омӯзам, аммо ман нахостам, – мегӯяд ӯ.

Соли 2001, замоне ки Неъматуллоҳ хонандаи мактаби миёна буд, дар фестивали байналмилалии “Ситораҳои Иссиқул”, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок карда ғолибият ба даст овард. Дар ҷамъбасти фестивал аз дасти Марям Акаева, ҳамсари Президенти собиқи ин кишвар Аскар Акаев туҳфа ва китоби “Ситораҳоиилм”-ро гирифт.

Соли 2003 Неъматулло ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, чанд муддат дар  рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар фаъолият кард. Шурӯъ аз соли 2015 дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба кор пардохта,  феълан муовини сармуҳаррир мебошад. Дар баробари ин, аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳаст ва дар мавзӯи “Ҷангафзорҳо ва ороиши сипоҳи давраи Сомониён” пажуҳиш мебарад. Муаллифи даҳҳо мақола доир ба фарҳангу санъат, ҷангафзорҳо ва дигар масоили ҳарбӣ дар “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ва “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” аст.

Тайи ин солҳо ӯ аз фаъолияти рассомӣ дур нарафта, дар тасвиру ороиши “Донишномаи кӯдакон ва наврасон” ва “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” саҳм гирифтааст.

Муҳимтарин кори рассомии Неъмутллоҳ Акбар тасвири ҳикоёти “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ аст, ки бо ҳамкасбаш Сайёра Имадинова анҷом додааст.

“То ҳол касе “Гулистон”-и Саъди Шерозиро ба пуррагӣ тасвир накарда буд. Баъзе аз ҳикоёти асар дар Эрон ба шакли миниётур тасвир шудаанд, мо зиёда аз 200 ҳикоёти ин асари безаволро тасвир кардем, ки дар Душанбе ба нашр расид.” – мегӯяд, Неъматуллоҳ Акбар.

Соли 2020 Неъматуллоҳ дар асоси барномаи Ҳамкории фаннӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC Programme) дар бахши рӯзноманигорӣ ба Донишкадаи иртиботи оммавии Ҳиндустон рафта, муддати 4 моҳ ҳамроҳи донишҷӯёни 20 кишвари дунё таҳсил кард ва соҳиби дипломи ин муассисаи бонуфӯзи ҷаҳонӣ гардидааст. Карикатураҳои тасвирнамудаи ӯ аз Ҳиндустон дар маҷаллаи “Эко” ба табъ расиданд.  

Саида НАРЗИЗОДА, рӯзноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.