Шойгу: дар ҳолати таҳдид ба марзи Тоҷикистон Пойгоҳи низомии 201 -ро ҷалб менамоем

Сергей Шойгу мегӯяд, дар сурати сар задани таҳдид ба марзи Тоқикистон Русия ҳатман Пойгоҳи 201 — умро ҷалб мекунад.

Федератсияи Русия пойгоҳи низомии 201-уми худро барои ҳимояи сарҳадоти Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард. Дар ин бора вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу изҳор дошт.

Ӯ мегӯяд, Русия ҳатман чунин чораҷӯӣ мекунад, агар ба кишвар дар робита ба вазъи ноустувори Ҷумҳурии Афғонистон хатаре таҳдид кунад,
«Пойгоҳи 201 — ум дар ин ҷо маҳз бо мақсади ҳифзи субот ва оромӣ дар ин минтақа ҷойгир аст», — шарҳ дод Шойгу.

Ба изҳори вазири мудофиа, феълан Русия ҷиддан авзои марзро назорат мекунад.
«Мо ҳамаи ҳодисаҳои марзӣ ва кӯшиши интиқоли ҷангиён ба қаламрави Тоҷикистонро сарфи назар намекунем. Дар сурати таҳдид ба ҳампаймони мо, узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, албатта Русия вокуниш хоҳад кард ва пеш аз ҳама Пойгоҳи 201 — уми мустақар дар Тоҷикистонро ҷалб мекунад», — таъкид кард Шойгу.

Вазир ишора кард, ки Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ ҳама гуна кумак хоҳад кард. Ин кишвар аллакай ба Тоҷикистон лавозимоти иловагии силоҳ ва таҷҳизот фиристодааст.

Чанде пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов омодагии худро барои фаъол кардани нерӯҳои пойгоҳи низомии Русия дар ҷумҳурӣ эълон карда буд. Вай қайд кард, ки низомиён дар ҳолати зарурӣ амалҳои таҷовузкоронаи террористони афғонро бартараф мекунанд.

Ҳамчунин вазир ёдовар шуд, ки Федератсияи Русия барои мустаҳкам намудани марзи Тоҷикистону Афғонистон иштирок мекунад ва дар ояндаи наздик посгоҳи нави марзӣ дар Шӯрообод хоҳад сохт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *