Шоумен президенти Украина шуд

Владимир Зеленский, шоумен ва ҳаҷвнигор дар даври дуюми интихоботи президентӣ бар президенти феълӣ Пётр Порошенко пирӯз шуд.

Владимир Зеленский, шоумен ва ҳаҷвнигор  дар даври дуюми интихоботи президентӣ бар президенти феълӣ Пётр Порошенко пирӯз шуд.

Бар асоси маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Украйина, Владимир Зеленский 73,2 дарсад ва Пётр Порошенко 25,3 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Дар даври аввали интихоботи президнетӣ дар Украина дар рӯзи 31 март Зеленский 30 дарсад ва Порошенко ду баробар камтар овоз гирифта буданд.

Пётр Порошенко, ки дар интихоботи  соли 2014 пирӯз шуда буд, дар моҳи май расман аз мақоми президентӣ канор меравад.

Владимир Зеленский ба хабарнигорон гуфт, ки дар қадами аввал “ҳамаи зиндониён ва асирони украиниро ба ватан бозгардонда ва барои ҳалли сулҳомези ихтилофоти Донбасс талош хоҳад кард”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *