Сироҷиддин Муҳриддин: Зудтар садди роҳи зулму шиканҷа, беқонуниву беназмӣ дар Афғонистон гирфта шавад…

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон иштирок намуд

 Тавре дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Канслери Австрия Себастиан Куртс дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа, ки аз ҷониби Намояндагии доимии Австрия дар СММ танзим гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Таъкид шудааст, ки зимни суханронӣ вазири хориҷаи Тоҷикистон ба ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дод.

“Сироҷиддин Муҳриддин ба аҳамияти расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кард”, — қайд кардааст ВУХ Тоҷикистон.

Ҳамзамон Вазири тоҷик дар суханрониаш ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо “Толибон” (гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Вазири хориҷии Тоҷикистон зикр кардааст, ки аз ҷониби кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват када шуд, ки ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро дар Афғонистон гиранд ва дар кушодани роҳҳо барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.

Ёдрас мешавем, ки мавзӯи Афғонистон дар ду ҷаласаи бузурги ахир СААД ва СҲШ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, матраҳ буд. Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони СҲШ аз вазъияти бади Афғонистон ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Панҷшерро ёдрас шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар ин ҷаласаҳо такрор кард, ки танҳо ҳукумати фарогир метавонад ба поёни ҷанги тӯлонии Афғонистон кумак расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *