Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

СММ оғози “ҳамлаҳои баҳорӣ”-и Толибонро маҳкум кард

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълони шурӯъи “ҳамлаҳои баҳорӣ”-и Ҷунбиши Толибон алайҳи неруҳои давлати Афғонистонро шадидан маҳкум кард.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълони шурӯъи “ҳамлаҳои баҳорӣ”-и Ҷунбиши Толибон алайҳи неруҳои давлати Афғонистонро шадидан маҳкум кард.

Дар баёноти Шӯрои амнияти СММ таъкид шудааст, ки дар ҷараёни ин ҳамалот бештар аҳолии ғайринизомӣ осеб мебинанд.

Дар пайи эълони оғози “ҳамлаҳои баҳорӣ” ҷангиёни Толибон рӯзи 13 апрел ба минтақаҳои атрофи шаҳри Кундуз дар шимоли Афғонистон ҳамла карданд.

Генерал-лейтенант Ҳилолиддин Ҳилол, муовини вазири мудофиаи Афғонистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Кундуз гуфтааст, ки неруҳои Толибон барои тасарруфи ноҳияи Чаҳордара ва шаҳри Кундуз талош карда, аммо муваффақ нашудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар ин набардҳо ҳудуди 250 ҷангии Ҷунбиши Толибон, аз ҷумла зархаридони хориҷӣ  ширкат кардаанд.

Бар асари даргириҳо аз неруҳои давлатӣ 18 нафар кушта шуда ва 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Зимнан дар пайи шурӯъи музокироти сулҳ миёни намояндагони Амрико ва Ҷунбиши Толибон рӯзи 11 апрел СММ ба таври муваққат таҳримҳо нисбати раҳбарони Ҷунбиши Толибонро бекор кард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.