Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сокинони Бағдод мегӯянд иди мо бо ин таркишҳо сиёҳ шудааст

Дар яке аз шадидтарин таркишҳои Бағдод, ки субҳи якшанбе ба вуқуъ пайваст, беш аз 200 нафар кушта шудаанд.

Бағдод пойтахти Ироқ рӯзи якшанбе дар пайи ду таркиш шоҳиди хоксупории қурбониён ҳамроҳ бо ғаму андуҳи бисёр шаҳрвандони азодор буд. Ба гуфтаи мақомоти ин шаҳр, ҳудуди 175 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Алӣ Маҳаммад, яке аз сокинони Бағдод ва аз сокинони маҳаллае, ки таркиш шуд, ба моҳи Рамазон ва ид ишора мекунад, ки имсол бо ғаму марги азизонашон фаро мерасад:» Оё ин аст иди мо? Оё мо бояд идамонро ин гуна ҷашн бигирем? Мардум ба ин ҷо меоянд то либосҳои нав бихаранд ва идро ҷашн бигиранд, ҳоло бояд тобут бихаранд, бояд кафан бихаранд, Худо бояд касонеро, ки масъули ин фоҷеа ҳастанд, муҷозот кунад»

Дииш масъулияти ин таркишҳоро, ки хунинтарин таркишҳо пас аз солҳои 2008 то ҳол аст, бар уҳда гирифтааст. Ин нахустин таркиш аз суйи Дииш пас аз бозпасгирии шаҳри Фалуҷа аз дасти ин гуруҳ аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.