Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Созмони Милали Муттаҳид бо Толибон созишномаҳо ба имзо расонид

Толибон (Ҳаракате, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) аз СММ пуштибонӣ карданд ва аз созмон даъват карданд, ки дар кишвар бимонад, то рисолати башардӯстона идома диҳад. Дар ин бора ба РИА Новости ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи СММ дар Афғонистон Ромиз Алакбаров хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тайи рӯзҳои ахир байни СММ ва Толибон созишномаҳои нав ба имзо нарасидааст. Алоқаҳои корӣ мавҷуданд, Толибон ба дипломатҳо итминон доданд, ки онҳоро дастгирӣ хоҳанд кард.

Бояд бигӯем, ки дар айни ҳозир Толибон дигар чорае надоранд, ба ҷуз аз созмонҳои байналхалқӣ даъват ба амл овардан, оид ба ҳамкориҳо. Агар онҳо рафтору муомила ва сиёсати худро тағйир надиҳанд ҳич як кишвари дунё онҳоро эътироф нахоҳад кард. Фарзияҳое мавҷуданд, ки Толибон бо ба даст овардани бовариву эътимоди як идда кишварҳо ва ихроҷ шудан аз рӯйхати сиёҳи СММ боз даст ба таҷовузкориҳо мезананд.

15 август Толибон вориди Кобул шуданд ва назорати комили қаламрави Афғонистонро эълон карданд. Онҳо итминон доданд, ки ба қарибӣ Аморати исломиро дар қаламрави Афғонистон тасдиқ мекунанд ва волоияти шариатро эълон мекунанд. Идоракунии муваққатии кишварро шӯрои гузариш ба ӯҳда гирифт, ки бояд интиқоли раҳбариро ба Толибон таъмин кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.