Суханронии охирини Барак Обама

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ин лаҳзаҳо дар шаҳри Чикаго охирин суханронии даврони раҳбарии худро оғоз кардааст. Раёсати Барак Обама пас аз ҳашт сол, рӯзи 20 январ ба поён мерасад. ​Мишел Обама, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, муовини аввали вай ва дигар аъзои ҳукумат дар толор ҳузур доранд. Барак Обама дар ин суханронӣ дар бораи дастовардҳои ҳашт соли ҳукумати худ суханронӣ мекунад.

Барак Обама дар ибтидои суханронии худ ба рӯзҳои зиндагиаш дар Чикаго ишора кард. Барак Обама гуфт, «вақте ман ба шаҳри Чикаго интиқол ёфтам, ҳанӯз бистсола будам. Дар он замон дар ҷустуҷӯи ёфтани худ будам ва ҳанӯз ҳам ин талошам идома дорад.»

Барак Обама хитоб ба мардуми Амрико гуфт, ки «ман ҳар рӯз аз шумо ёд гирифтам, шумо боис шудаед, ки ман раиси ҷумҳури беҳтаре шавам, марди беҳтаре шавам.»

Барак Обама дар ин хитоби худ гуфт, ки дар демократия зарур нест, ки ҳама якпорча ва якшаклу якақида бошанд. Бунёдгузорони ин кишвар ҳам ихтилоф доштанд, вале дар ниҳоят бо якдигар мусолиҳа карданд. Онҳо интизор доранд, ки мо низ чунин кунем.

Барак Обама ҳамчунин гуфт, ки «ҷаҳон дар даҳ рӯзи оянда шоҳиди яке аз муҳимтарин нишонаҳои демократияи мо хоҳад буд. Интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳуре, ки ба таври демократӣ ва озод интихоб шудааст, ба як раиси ҷумҳури мунтахаби дигар ба таври сулҳомез анҷом хоҳад шуд.»

Дар муроҷиаташ ба мардум интизор меравад, муҳимтарин дастов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *