Тӯҳфаи Бердимуҳаммадов ба ҳамтои Ӯзбекаш

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев як аспи зоти Ахалтекин тӯҳфа кардааст. Дар шаҳри Туркманобод (Чорҷӯи собиқ) ҳамчунин нахустин ҳайкали президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов пардабардорӣ шуд.

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки нахустин сафараш ба хориҷ дар ин мақомро ба Туркманистони ҳамсоя анҷом медиҳад, рӯзи 7 март бо мизбонаш – президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳри Туркманобод (Чорҷӯи собиқ) дар расми ифтитоҳи купрӯки ҷадид бар фарози Амӯдарё дар марзи ду кишвар ширкат карданд.

Ҳарду раҳбар дар Туркманобод ҳамчунин дар маросими пардабардорӣ аз ҳайкали президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов, ки нахустин ҳайкали ӯст, ширкат ва суханронӣ кардаанд. Дар Туркмонобод як кӯчаро низ ба номи Ислом Каримов гузоштаанд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 6 март бо як сафари давлатӣ вориди Туркманистон шуд. Ин нахустин сафари Мирзиёев ба хориҷ баъди интихоб шуданаш ба мақоми раисиҷумҳури Узбекистон дар интихоботи рӯзи 4 декабри соли 2016 мебошад.

Мирзиёев дар рӯзи аввали сафараш дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон бо ҳамтои туркманаш Бердимуҳаммадов ба як шартномаи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар имзо кард.

Онҳо ҳамчунин мақбараи Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ), раисиҷумҳури собики Туркманистон, масҷиди ба номи Туркманбошӣ ва аз корхонаи парвариши аспҳои зотӣ ва қиматбаҳои навъи Ахалтекин дар доманаи кӯҳҳои Копетдоғ боздид кардаанд.

Хабаргузории давлатии Туркманистон гузориш дод, ки ба муносибати боздиди раисиҷумҳури Узбекистон дар ин корхона як намоиши аспҳо баргузор кардаанд ва «аз номи мардуми туркман ҳамчун тӯҳфа ба мардуми бародари узбек ба нишони шикастнопазирии дӯстиву ҳамсоягии ду кишвар як аспи савории хоти Ахалтекин супурда шуд.”

Шавкат Мирзиёев, бино ба ин манбаъ, «аз дидани аспҳои мӯъҷизавии туркманӣ ва ин корхонаи муосир, ки дар он барои парвариши аспҳои Ахалтекин тамоми шароит муҳайё сохта шудааст, ба ваҷд омадааст.”

Аспҳои зоти Ахалтекин (аспи туркманӣ) аз зотҳои хеле қиматбаҳои асп ба шумор рафта, нархи баъзеи онҳо то ба чанд миллион доллар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *