Тақдими 10 мошини ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон

Ин мошинҳо барои мубориза бо коронавирус тақдим шудаанд

Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст, тақдим кард, хабар медиҳад намояндаи дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Ин таҷҳизот барои кумак ба Душанбе дар баргузории нишастҳои СААД ва СҲШ ва ҳамчунин дар мубориза бо COVID — 19 пешбинӣ шудааст.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ройгон дастрас шуданд.

«Пас аз анҷоми саммитҳо, мошинҳо барои тақвияти низоми миллии тандурустӣ бо мақсади муқовимат ба ҳамагирии коронавирус истифода мешаванд», — гуфт намояндаи сафорат.

Олга Лякина, муовини Директори иҷроияи Президенти Русия ба хабарнигорон гуфт, ки мошинҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии босифати тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои нафасдиҳӣ ва дефибрилляторҳо муҷаҳҳаз мебошанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни ду кишвар босуръат рушд мекунад ва Русия дар бисёр соҳаҳо кумак мерасонад.

«Феълан наздики 3 ҳазор писарону духтарони тоҷик дар Русия аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил мекунанд. Ин ҳам саҳми бузурге дар рушди низоми тандурустии Тоҷикистон аст», — таъкид кард сафир.

Ҳамчунн, дар доираи муборизаи муштарак бар зидди сирояти коронавирус, Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи Sputnik V ҳадя кард.

Аз оғози ҳамагирӣ Роспотребнадзор ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносон фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 кумак кунанд.

Нишасти сарони кишварҳои СААД рӯзҳои 15-16 сентябр дар Душанбе ва мулоқоти президентҳои кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *