Таҳдиди ҷиддии Амрико ба Эрон

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мақомоти Эрон ҳушдор додааст, дар сурати ҳалокати ҳатто як сарбози амрикоӣ Вошингтон ба Теҳрон билофосила посух хоҳад дод.

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мақомоти Эрон ҳушдор додааст, дар сурати ҳалокати ҳатто як сарбози амрикоӣ Вошингтон ба Теҳрон билофосила посух хоҳад дод.

Ба навиштаи нашрияи The Washington Post, ин ҳушдори Майкл Помпео, котиби давлатии Амрико пас аз дарёфти маълумоти разведка дар бораи ҳамлаи эҳтимолии неруҳои таҳти назорати Эрон ба неруҳои Амрико дар минтақа садо додааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 18 июн Вазорати мудофиаи ИМА  аксҳоеро ба унвони далели ҳуҷуми Эрон ба киштиҳои нафткашон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба намоиш гузошт.

Амрико даъво дорад, ки ин аксҳо аз чархболҳои низомии ин кишвар бардошта шуда ва нишон медиҳад, ки дар ин ҳамла неруҳои Посдорони инқилоби исломии Эрон даст доштанд.

13 июни соли ҷорӣ ду киштии нафткашони норвегиягии Front Altair ва японии Kokuka Courageous мавриди ҳамлаи торпедо қарор гирифтанд, ки дар пайи он дар киштиҳо таркиш ва сӯхтор рух дод.

Баҳрнавардони ҳар ду киштӣ аз ҷониби низомиёни Эрон наҷот дода шуданд.

Ҷониби Амрико дар ин ҳамла Эронро муттаҳам мекунад. Аммо Эрон ин иддаоро рад кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *