Таъиноти кадрӣ дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ТВ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Тағироти кадрӣ  дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ сурат гирифт.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, Муҳсинзода Ғафур ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин  шуданд. Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамуддин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин муовини якум ва Рустамзода Дилафрӯз муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Бобошоҳзода Маҳмадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи сардори шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон розигӣ дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *