Таркиш дар Багром: 1 кушта ва 60 захмӣ

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми декабр ду мошини пур аз маводи тарканда дар назди пойгоҳи Багром — бузургтарин пойгоҳи низомиёни ИМА дар Афғонистон, мунфаҷир шуд, ки боиси марги 1 нафар ва  маҷрӯҳ гардидани 60 нафар шуд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Багром, Ҳоҷӣ Абдулшукур Қуддусӣ мошинҳо дар деҳаи Ҷон Қадам, воқеъ дар канори пойгоҳи Багром таркидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи таркиш як постгоҳи амниятӣ тахриб шуд ва баъд аз он ҷангҷӯён тавассути девори шикаста ба постгоҳ ворид гардида, бо нерӯҳои давлатӣ бархӯрд намуданд.

Намояндаи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон мегӯяд, ҳамла ба як иншооти тиббӣ осеб расонидааст, ки барои муоинаи мардуми афғони сокини ноҳияи Багром сохта шудааст. Ин сухангӯ афзудааст, ки ҳамла ба зудӣ хунсо шуд, вале иншооти тиббӣ зарар дид.

Дар ҳамин ҳол, генерал Маҳфуз Вализода, раиси пулиси вилояти шимолии Парвон гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла, як корвони низомии ИМА будааст. То ба ҳол касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта нерӯҳои ИМА ва НАТО дар минтақаи Багром борҳо мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *