Ташаннуҷи дубора. Қирғизистон дарвозаҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст

Марз баста, равуо манъ, мардумро яроқнонок мекунанд…  Қирғизҳо ба куҷо равонаанд?

Сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон комилан баста аст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар хомӯширо ихтиёр кардааст. Рӯзи 23 май Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Улукбек Марипов эълом дошт, ки «чанде қабл қарор қабул шуд, ки ҳаракати нақлиёт ва омаду рафти сокинон   тавассути сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли масъалаҳои марз комилан қатъ карда шавад».

«Масъалаи сарҳад барои мо имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимтарин аст. Барои ҳалли ин масъала тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Мо ин масъаларо ҳатман ҳал хоҳем кард … Мо дар якҷоягӣ бо ҳалли масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ҳадафи таҳкими марзҳоямонро гузоштем. Барои ин, мо барои марзбонони худ тамоми шароити заруриро фароҳам меорем ”гуфт сарвари ҳукумати Қирғизистон.

Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Хадамоти марзбонии ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 24 май. Вуруд, будубош ва ҳаракат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ҳангоми транзит, тавассути қаламрави ин кишвар манъ аст. Гузариши молу воситаҳои нақлиёт тавассути панҷ гузаргоҳ: «Бордо — роҳ», «Қайрогач — роҳ», «Карамык — роҳ», «Кулунду — роҳ» ва «Қизил-Бел — роҳ» маҳдуд карда шудааст. Мақомоти Қирғизистон ба намояндагони миссияи дипломатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин, шахсони расмии Қирғизистон ва Тоҷикистон иҷозат доданд, ки бо огоҳии  пешакии сафар аз Тоҷикистон метавонанд  ба кишвар биоянд. Ғайр аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Қирғизистон қарор доранд, метавонанд ба хонаҳои худ баргарданд.

Ҳамчунин, ҳоло парлумони Қирғизистон лоиҳаи  ба сокинони наздимарзӣ додани силоҳи оташфишонро баррасӣ менамояд. Маълум, ки аз  ҷониби ҳамсояҳо ба ҷои пурра ба эътидол овардани вазъ дар марз баръакс, бо ин амалаҳои худ онро боз ҳам муташанниҷ карда истодаанд.  Аммо то ҳол шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала дар даст нест. Парвиз Наҷмуддинов корманди Раёсати робита бо ҷомеаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтанома бо ӯ дар тамос шуд, посух дод, ки   то ҳол, бидуни шарҳ боқӣ мемонад. Барои ҳалли ин вазъ корманди масъули Вазорати корҳои хориҷӣ Амриё Бобозода таъин карда шуд, аммо ӯ низ ин масъаларо шарҳ надод. Ӯ ваъда дод, ки дар наздиктарин фурсат сари ин масъала шарҳи ВКХ ба нашр мерасад.

А.АҲМАДЗОДА

P.S. Субҳи (26 май) тайёраи ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр”-ро аз Бишкек бо мусофиронаш ба Душанбе баргардонданд ва зиёда аз сад нафар тоҷикистонӣ дар фурудгоҳи пойтахти ин кишвар банд мондаанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *